Дар кори ин форуми бонуфуз тақрибан 5 ҳазор намоянда аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доранд.

Дар доираи конгресс масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ, инчунин чораҳои ҳифзи кӯдакон ва таҳкими волоияти қонун баррасӣ шуданд.

Дар ҳошияи конгресс Саида Мирзиёева ҳамчунин бо муовини Дабири кулли СММ, директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Моника Ҷума мулоқот кард.

«Мо бо ин сохтори СММ фаъолона ҳамкорӣ мекунем ва як қатор лоиҳаҳои муштаракро амалӣ менамоем», — гуфт Саида Мирзиёева.

Қайд гардид, ки ин конгресс барои Ӯзбекистон аҳамияти хос дорад. Ҳамаи кишварҳои иштироккунанда ташаббуси Ӯзбекистонро оид ба баргузории конгресси навбатӣ дар кишвари мо дастгирӣ карданд. Ин мавқеъ дар Эъломияи ниҳоӣ низ инъикос ёфтааст.

Саида Мирзиёева ин қарорро рамзи эътимоди баланди байналмилалӣ ба Ӯзбекистон арзёбӣ намуд.

Соли 2031 Ӯзбекистон ҳайатҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳонро қабул хоҳад кард. Омодагӣ ба баргузории конгресси навбатӣ дар давоми панҷ сол идома хоҳад ёфт.