Дар оғози мулоқот меҳмони олиқадр саломи самимӣ ва таманниёти беҳтарини Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғанро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонд.

Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистон ва Туркия баррасӣ шуданд. Ба густариши ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Динамикаи мусбати рушди муносибатҳои дуҷониба дар солҳои охир бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва шумораи корхонаҳои муштарак мунтазам афзоиш меёбад.

Ба таъсиси Шӯрои сатҳи олӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар доираи нахустин ҷаласаи ин Шӯро, ки имрӯз дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат ба мувофиқаҳои нави муҳим ноил гардиданд. Ҳамчунин, натиҷаҳои Форуми соҳибкорӣ, ки бо иштироки беш аз 200 ширкати пешсаф ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд.

Зимни мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои татбиқи ҳамаҷонибаи тавофуқҳои ҳосилшуда ва омодагии ҷиддӣ ба чорабиниҳои муҳими дарпешистода табодули муфассали афкор сурат гирифт.