Дар чорабинӣ тавассути иртиботи видеоӣ аз студияҳои маҳаллӣ зиёда аз 500 нафар соҳибкорон, бинокорон, лоиҳакашон, меъморон ва шаҳрсозон иштирок намуданд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисодӣ дар ҳамаи соҳа ва минтақаҳо соҳаи сохтмон нақши муҳим дорад. Мувофиқи таҳлилҳо, ҳар 1 доллари ба сохтмон сарфшуда барои иқтисодиёт 2–3 доллар фоида меорад, инчунин як ҷойи коре, ки дар ин соҳа таъсис меёбад, барои пайдо шудани то 5 ҷойи кори дигар дар соҳаҳои вобаста хидмат мекунад.
Дар нӯҳ соли охир дар мамлакат қариб 10 ҳазор корхонаи нави сохтмонӣ фаъолият оғоз намуд. 20 ширкат бо гардиши зиёда аз 1 триллион сӯм ва 365 ширкати калон бо гардиши зиёда аз 100 миллиард сӯм таъсис ёфтанд. Шумораи ташкилотҳои лоиҳакашӣ аз 2 ҳазор гузашта, беш аз 650 адади онҳо сертификати байналмилалӣ гирифтаанд.
Дар ҳамин давра марҳилаҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон 3 баробар ва муҳлатҳо 4 баробар кӯтоҳ карда шуданд. 420 меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ ба ҳам оварда шуда, меъёрҳои кӯҳна бекор ва 140 меъёру қоидаи нав тасдиқ гардиданд.
Дар натиҷа, тӯли солҳои охир 210 миллион метри мураббаъ бино-иншоот, инчунин зиёда аз 15 ҳазор бинои бисёрошёнаи дорои 647 ҳазор хонадон сохта шуд. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ аз 30 триллион сӯм дар соли 2016 ба 314 триллион сӯм дар соли гузашта расид. Имрӯз дар соҳаи сохтмон, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва соҳаҳои вобаста 3,5 миллион нафар аҳолӣ машғули кор мебошанд.
Таъкид шуд, ҳар сол барои соҳибкорӣ 6,5 ҳазор гектар замин ва 600 ҳазор метри мураббаъ иншоот ба савдо бароварда мешавад, инчунин барои тиҷорати хурду миёна 140 триллион сӯм маблағ ҷудо мегардад. Бо вуҷуди ҳалли масъалаҳои асосӣ, чун замин ва кредит, соҳибкорон ҳанӯз дар марҳилаи оғози сохтмон ба монеаҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд ва ин равандҳо моҳу солҳо тӯл мекашанд.
Дар ҷамъомад ба масъалаи шаҳрсозӣ диққати махсус дода шуд. Алҳол шумораи аҳолии кишвар аз 38 миллион нафар гузашта, сатҳи урбанизатсия ба 51 фоиз расидааст ва қариб 20 миллион нафар дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки ба ҳар 1 фоиз афзудани сатҳи шаҳрсозӣ барои иқтисодиёт на камтар аз 1 фоиз рушди иловагӣ меорад, инчунин ҷараёни сармоягузорӣ, фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва стартапҳо ва самарадории меҳнат мутаносибан меафзоянд. Аз ин рӯ, зарурати мавҷудияти равиши ягона ҷиҳати рушди устувори урбанизатсия дар ҷумҳурӣ таъкид карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳар сол барои таҳияи нақшаҳои генералӣ аз буҷет 200-250 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо, пеш аз ҳама, бояд ба минтақаҳое равона шаванд, ки нақшаи генералӣ надоранд ё он кӯҳна шудааст. Ҳамзамон, дар шаҳрҳои хурд ва шаҳракҳо низ соҳибкороне зиёданд, ки мехоҳанд лоиҳаҳои бузургро амалӣ намоянд, аммо бинобар набудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ кори онҳо мутаваққиф мемонад.
Ба ҳокимони вилоятҳо ва Кумитаи шаҳрсозӣ супориш шуд, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таҳияи нақшаҳои генералии 6 шаҳр ва 44 шаҳрак, инчунин мастер-нақшаҳои 104 деҳаро ба анҷом расонда, ғайр аз ин, якҷо бо соҳибкорони ташаббускор таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои боз 50 маҳалли аҳолинишинро оғоз намоянд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки соли 2025 бинобар набудани нақшаҳои генералӣ аз 112 ҳазор ариза барои хусусигардонии замин 14 фоизаш рад карда шудааст ва ин боиси аз даст рафтани имконияти ба дороӣ табдил додани 4 ҳазор гектар замин ва ҳамчунин бой додани 550 миллиард сӯм даромади иловагӣ ба буҷет гардидааст. Дар робита ба ин, вазифа гузошта шуд, ки дар муҳлати се моҳ низоме роҳандозӣ гардад, ки дар он ба аризаҳо оид ба хусусигардонии замин бидуни омили инсонӣ, дар давоми 5–10 дақиқа ба таври онлайн ҷавоб дода шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки набояд танҳо бо тасдиқи нақшаҳои генералӣ маҳдуд шуд. Дар онҳо кай, дар кадом навбат ва аз ҳисоби кадом манбаъҳо бунёди шабакаҳои обрасонӣ, партовоб, гармидиҳӣ, газ, барқ ва роҳҳо ба таври дақиқ нишон дода нашудаанд, ки ин мавриди танқид қарор гирифт. Гуфта шуд, ки барои ҳар як нақшаи генералии тасдиқшуда бояд барномаҳои мукаммали солона оид ба татбиқсозӣ таҳия гардида, он ба аҳолӣ, соҳибкорон ва масъулон расонида шаванд.
Аз ин рӯ, ба ҳокимони ҳар як вилоят супориш шуд, ки дар муҳлати ду моҳ барномаҳои маҷмӯиро барои татбиқи нақшаҳои генералии тасдиқшудаи марказҳои вилоят ва ноҳияҳо таҳия кунанд. Дар онҳо бояд дақиқ муайян карда шавад, ки кадом қисми чорабиниҳо аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва кадом қисм аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳамчунин дар соҳаи ҷалби замин ва объектҳо ба фаъолияти иқтисодӣ камбудиҳои ҷиддӣ қайд гардиданд. Аз 11,5 ҳазор гектар замине, ки дар чор соли охир тавассути музояда фурӯхта шудааст, дар 3 ҳазор гектар сохтмон оғоз нашудааст. Инчунин зикр шуд, ки 582 гектар қитъаҳои замин ва 122 объекти давлатӣ, ки ба музояда гузошта шудаанд, дар давоми як сол фурӯхта нашудаанд.
Аз нуқтаи назари танқидӣ зикр гардид, ки ҳам дар ташаккули барномаи хусусигардонӣ ва ҳам дар фурӯши объектҳо нақши ҳокимон эҳсос намешавад, инчунин нуқтаи назари соҳибкорон омӯхта намешавад. Қайд гардид, ки ҳангоми фурӯши ҳар як объект, пеш аз ҳама бояд ба минтақа сармоя ҷалб карда, дар маҳалла ҷойҳои нави корӣ созмон дода шаванд.
Дар робита ба ин қарор қабул шуд, ки ҳокимон баробари Агентии идораи дороиҳои давлатӣ барои ворид намудани объектҳо ба барномаи хусусигардонӣ, фурӯши онҳо ва таъмини самаранокии сармоягузорӣ масъул хоҳанд буд. Илова бар ин, амалияи ҳисоб кардани 14 фоиз аз бақияи маблағ барои объектҳое, ки бо шарти пардохти қисм-қисм фурӯхта мешаванд, бекор карда мешавад.
Дар ҷамъомад масъалаи соддасозии расмиёти додани иҷозатномаҳо дар соҳаи сохтмон баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки соли гузашта беш аз сеяки зиёда аз 2,6 миллион дархостҳои марбут ба сохтмон рад карда шудаанд ва дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои он фасод ва монеаҳои бюрократӣ мебошанд. Роҳбари давлат таъкид намуд, ки роҳи самараноки ҳалли чунин мушкилот рақамикунонӣ ва васеъ ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мебошад.
Дар низоми амалкунанда аҳолӣ ва соҳибкорон аввал барои гирифтани иҷозат ба лоиҳакашӣ ва баъдан барои таҳияи супориши меъморию шаҳрсозӣ алоҳида муроҷиат намуда, моҳҳо вақт сарф мекунанд. Дар шаҳри Тошканд таҷрибаи пешниҳоди ин ду хизматрасонӣ дар як марҳила ҷорӣ гардида, дар натиҷа вақти мувофиқаи ҳуҷҷатҳо 3–4 маротиба коҳиш ёфтааст. Супориш дода шуд, ки аз 1 июл ин таҷриба дар ҳамаи минтақаҳо ҷорӣ карда шавад.
Ҳангоми гирифтани шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои коммуналӣ низ шаҳрвандон маҷбур мешаванд ба ҳар як идора алоҳида муроҷиат кунанд. Аз 1 июл имкони гирифтани чунин шартҳо барои шабакаҳои барқ, газ, обтаъминкунӣ ва канализатсия дар асоси як дархост ва як пардохт ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамчунин яке аз сабабҳои таъхирҳо набудани ҳамоҳангӣ ва ҳамкории байни 26 идорае, ки ба ҳайати шӯрои шаҳрсозӣ дар маҳалҳо дохил мешаванд, арзёбӣ гардид. Дар ин замина қарор қабул шуд, ки минбаъд шӯрои шаҳрсозиро худи ҳокимони шаҳри Тошканд ва вилоятҳо роҳбарӣ мекунанд ва низоми қабули қарорҳои ниҳоӣ барои ҳалли масъалаҳои соҳибкорон ҷорӣ мегардад.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар муҳлати се моҳ тамоми марҳилаҳо — аз гирифтани иҷозат барои сохтмон то ба истифода додани объектро амиқ таҳлил намуда, лоиҳаи қарорро барои ҳадди ақал ду баробар кам кардани талабот, муҳлатҳо ва пардохтҳо пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин масъалаҳои сифати сохтмон ва назорат ба таври танқидӣ баррасӣ гардиданд. Соли гузашта дар объектҳои сохтмон аз ҷониби назоратчиёни ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон 42 ҳазор камбудӣ ошкор шудааст, инчунин аз ҷониби инспексияи сохтмон беш аз 250 ҳазор қонуншиканӣ муайян гардидааст. Қайд карда шуд, ки яке аз сабабҳои ин ҳолат паст будани сатҳи манфиатдории лоиҳакашон ва фармоишгарон дар амалисозии назорати муаллифӣ ва техникӣ мебошад.
Дар ин робита, аз 1 июни соли ҷорӣ фаъолияти фармоишгарони давлатӣ пурра дар асоси нишондиҳандаҳои KPI арзёбӣ мегардад ва маоши кормандони онҳо се баробар зиёд карда мешавад. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ то 5 фоизи арзиши объект пардохт карда мешавад, инчунин назорати муаллифӣ дар асоси шартномаи алоҳида маблағгузорӣ мегардад. Ҳамзамон, дар ҳолати ошкор шудани қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар объектҳо, ки барои онҳо хизматрасониҳои назорати техникӣ ё муаллифӣ масъуланд, чораҳои қатъӣ на танҳо нисбат ба пудратчӣ, балки нисбат ба назоратчиён низ андешида мешаванд ва рейтинги лоиҳакаш дар низоми «Шаффоф қурилиш» паст карда мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки бо иштироки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Айни замон дар ин самт лоиҳаҳо ба маблағи зиёда аз 20 миллиард доллар татбиқ мешаванд. Он чиз зери тозиёнаи танқид гирифта шуд, ки шахсони масъул ва фармоишгарон дар симои вазорату идораҳо имкониятҳои ширкатҳои ватаниро дар музокирот бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба таври кофӣ пешбарӣ намекунанд, ҳангоми муайян кардани шартҳои шартнома манфиатҳои онҳоро ба назар намегиранд, инчунин оид ба фаҳмондани шартҳои иштирок дар тендерҳои байналмилалӣ корҳои бонизом роҳандозӣ намекунанд.
Таъкид гардид, ки таъмини аҳолӣ бо манзил бояд ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта бошад. Дар солҳои охир ба инфрасохтори 56 мавзеи «Ӯзбекистони Нав» 4 триллиону 100 миллиард сӯм равона гардидааст ва дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои ин мақсад боз 1 триллиону 400 миллиард сӯм ҷудо карда шавад.
Қайд шуд, ки дар соли ҷорӣ шахсони масъул ва ҳокимон уҳдадоранд, ки ба истифода додани 34 ҳазор манзилро дар мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» ба анҷом расонанд. Муқаррар гардид, ки васеъ намудани чунин мавзеъҳо танҳо баъд аз он иҷозат дода мешавад, ки на камтар аз 85 фоизи манзилҳо ба соҳибонашон супорида шаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар маҷмӯъ дар соли ҷорӣ дар минтақаҳо бояд хонаҳои истиқоматӣ ба ҳаҷми 140 ҳазор манзил ба истифода дода шаванд. Дар баробари ин, бояд ба масъалаи реноватсия диққати махсус дода шавад.
Дар ҷамъомад ба масъалаи омодасозии кадрҳо барои соҳа ва рушди муҳити эҷодӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Супориш дода шуд, ки дар шаҳри Тошканд аввалин боғи креативӣ барои меъморон, лоиҳакашон ва мутахассисони соҳаи урбанистика таъсис дода шавад ва дар оянда чунин боғҳо дар минтақаҳо низ ташкил гарданд. Илова бар ин, аз соли таҳсили оянда ба роҳ мондани муассисаи таҳсилоти олии худмаблағгузор, ки мутахассисонро дар соҳаҳои урбанизатсия, кадастр ва геодезия омода мекунад, ба нақша гирифта шудааст. Дар сохтори он инчунин техникум барои тайёр кардани мутахассисони зинаи миёна таъсис дода мешавад.
Дар анҷоми ҷамъомад Президенти кишвар ҳисоботи роҳбарони соҳа ва минтақаҳо, инчунин пешниҳод ва ташаббусҳои соҳибкорони фаъолро, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, шунид.