Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Ба шумо барои меҳмоннавозии хосса ва самимияте, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри бостонии Бухоро, ки дурдонаи на танҳо Осиёи Марказӣ, балки тамоми тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад, нисбати ман зоҳир намудед, аз таҳти дил сипосгузорӣ менамоям.
Ӯзбекистон ин сарвати бебаҳоро ҳифз намуда, ғанӣ мегардонад ва гузаштаи бузургро бо ниёзҳои муосир ҳамоҳанг месозад, ки ин маро ба ҳайрат овард. Симои нотакрори кунунии Бухоро дар худ самарабахшии бузурги сиёсати оқилона ва созандаи Шуморо дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав бараъло таҷассум менамояд.
Сафар, ки пур аз чорабиниҳои бодиққат тарҳрези шуда буд, бешубҳа, самарабахш гардид. Ба назари ман, музокироти якрӯза дар Бухоро аз ҷиҳати натиҷаҳои сиёсии дарозмуҳлат аз сафари расмӣ камӣ надорад.
Мулоқоти мо барои таҳкими минбаъдаи равобити бисёрҷанбаи Қазоқистон ва Ӯзбекистон уфуқҳои нав боз намуд ва барои мазмуни нав касб намудани ҳамкориҳои стратегии байнидавлатӣ хидмат хоҳад кард.
Пас аз бозгашт ба Остона, ҷиҳати татбиқсозии тавофуқоте, ки ба даст омаданд ва тасдиқ шуданд, инчунин бобати ба ҳисоб гирифтани таҷрибаи муфиди мамлакати Шумо дар бахшҳои гуногун, дастурҳои мушаххас додам. Ба ташаббуси муштараки «Ҳавои тоза» аҳамияти махсус медиҳам.
Боварии комил дорам, ки иҷрои босифати вазифаҳое, ки мо ба миён гузоштем, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Қазоқистон ва Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Барои тақдими маводи бойгоние, ки барои Қазоқистон аҳамияти бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, миннатдории хоса баён менамоям. Ин иқдом аз фарохдилӣ, муносибати гарми Шумо ба мардуми қазоқ ва эътирофи шоистаи таърихи кишварҳои бародари мо гувоҳӣ медиҳад.
Муҳтарам Шавкат Миромонович! Ба Шумо ва аҳли оилаатон аз таҳти дил саломатӣ ва бахту саодат, инчунин дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав, ки дӯсти абадӣ, ҳампаймон ва шарики стратегии Қазоқистон мебошад, муваффақиятҳои нав орзу менамоям.
Бо эҳтиром,
Қосим-Ҷомарт ТОҚАЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.