Мувофиқи қарори Сарвари давлат, соли гузашта дар кишвари мо 1155-солагии зодрӯзи Абумансури Мотуридӣ ба таври васеъ таҷлил гардид. Дар ин замина, дар ҳудуди қабристони Чокардизаи шаҳри Самарқанд корҳои бозсозӣ ва ободонии маҷмааи Имом Мотуридӣ оғоз шуданд.
Дар ҳудуди маҷмаа, ки масоҳати умумии он 10,2 гектарро ташкил медиҳад, барои зиёраткунандагон масҷиди нави бошукӯҳ бунёд гардид. Мақбараҳои Имом Мотуридӣ ва Бурҳониддини Марғинонӣ пурра бозсозӣ шуданд. Ҳамчунин дар таркиби маҷмаа маркази махсуси илмӣ барои омӯзиши амиқи мероси ин олим, китобхона ва осорхона таъсис дода шудаанд.
Президенти кишвар ба аҳамияти ин муассисаҳои илмӣ ва маърифатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
– Ҳадафи мо аз таъсиси чунин марказҳои маърифатӣ омӯзиши амиқи мероси аҷдоди бузург ва расонидани он ба насли ҷавон аст. Имрӯз мо ба ин донишҳо ниёзи зиёд дорем. Дар ин ҷо ҷавонони зиёд метавонанд осори ҳазор сол пеш таълифшудаи Имом Мотуридиро омӯзанд. Аҷдоди бузурги мо Имом Мотуридӣ ҳазор сол пеш ҳар як хулосаи илмии худро бо далелҳои қонеъкунанда асоснок намуда, мардумро аз ҷаҳолат ҳушдор медод. Имрӯз омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти ин осор барои ҷавонони мо беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим дорад, – гуфт Сарвари давлат.
Дар даромадгоҳи маҷмаа портали бошукӯҳ бунёд гардида, инчунин меҳмонхонаҳо ва таваққуфгоҳи бузурги автомобилҳо сохта шудаанд. Дар ҳудуди он ниҳолҳои дарахтони маҳаллӣ ва навъҳои хориҷӣ, ки ба шароити иқлимии кишвари мо мутобиқ карда шудаанд, шинонда шуданд.
Дар ин макони муқаддас ёди олимони бузург гиромӣ дошта шуда, сураҳои Қуръони карим тиловат гардиданд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳар нафаре, ки ба маҷмаа меояд, бояд дар бораи мероси илмӣ ва маънавии Имом Мотуридӣ, инчунин нақши ӯ дар ҷаҳони ислом тасаввуроти равшан пайдо кунад.
– Дар ободонии чунин маконҳои бузурги зиёратӣ маънои амиқи маънавию маърифатӣ нуҳуфтааст. Мардум бояд на танҳо барои зиёрат, балки барои донишомӯзӣ ва дарки ҳувияти худ низ ба ин ҷо биёянд, – таъкид кард Президент.