Сарвари давлат таъкид кард, ки ба даст овардани роҳхат ба чемпионати ҷаҳон, ки дар майдонҳои ИМА, Мексика ва Канада баргузор мешавад, барои халқи мо рӯйдоди таърихӣ гардид.
Мухлисони футбол ин рӯзро 34 сол интизор буданд. Аъзои дастаи мунтахаби миллӣ ба ҳар як бозӣ бо масъулияти баланд, рӯҳи ватандӯстӣ ва бовар ба пирӯзӣ вориди майдон шуда, дар таърихи футболи мамлакат саҳифаи нав боз карданд.
Президент ба футболбозон, инчунин ба падару модарон, устодон ва мураббиёне, ки онҳоро тарбия карда, ба камол расондаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
– Агар футболбозонамонро қаҳрамонони замони худ, ки дар таърихи Ӯзбекистон саҳифаи нав боз карданд, гӯем, арзанда аст. Онҳо ба халқи мо як ҷаҳон шодмонӣ бахшиданд, – гуфт сарвари давлат.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки муваффақияти тими миллӣ на танҳо дар соҳаи варзиш, балки дар ҳаёти тамоми ҷомеа рӯҳияи хуби илҳомбахшро ба вуҷуд овард. Имрӯз футболбозон барои ҷавонон ба намунаи воқеӣ табдил ёфтаанд, таваҷҷуҳ ба варзиш боз ҳам афзуд, аҳли адабиёту санъат, соҳибкорон ва ҷомеаи васеъ аз ин натиҷаи таърихӣ илҳом мегиранд.
Солҳои охир дар мамлакатамон ҷиҳати рушди варзиш, бахусус, футбол, корҳои густурда амалӣ гардиданд. Дар маҳалҳо беш аз 200 иншооти бузурги варзишӣ ва тақрибан 4 ҳазор клуби хусусии варзишӣ ба фаъолият оғоз карданд. Дар беш аз 1,5 ҳазор маҳалла майдончаҳои варзишӣ сохта шуданд. Дар пойтахт Шаҳраки муосири олимпӣ сохта шуд, дар ноҳияи Юқоричирчиқ Маркази миллии футбол ба истифода дода шуд. Дар ҳар як вилоят академияи касбии футбол ва мактабҳои футбол ташкил гардиданд.
Дар натиҷаи ин корҳо шумораи футболбозони ҳаваскор ба 5 миллион нафар расид. Шумораи онҳое, ки мунтазам ба футбол машғуланд, аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар афзуд, теъдоди футболбозони касбӣ ба 17 ҳазор нафар расид.
Сарвари давлат таъкид кард, ки роҳандозии низоми шаффоф ва кушод дар футбол, инчунин аз байн бурдани фасод ва хешутаборбозӣ, ҷавонони боистеъдодро ба майдони бузурги футбол баровард.
Дар мулоқот ба масъалаҳои густариши футбол то ба сатҳи маҳаллаҳо, ба мактаби тарбияи ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, интизом ва ватандӯстӣ табдил додани он диққати махсус дода шуд.
Бо ҳамин мақсад татбиқсозии барномаи «Ҳар як маҳалла – майдони футбол» муайян гардид. Ин ташаббус ба ҳаракати умумимиллӣ табдил дода мешавад.
Дар доираи барнома «Лигаи маҳалла» ташкил гардида, миёни писарону духтарони аз 12 то 17-сола дастаҳои футболи маҳаллаҳо таъсис дода мешаванд. Ҳар сол бо иштироки футболбозони ҳаваскор мусобиқаҳо дар марҳилаҳои «маҳалла – ноҳия – вилоят – ҷумҳурӣ» баргузор хоҳанд шуд.
Таъкид гардид, ки «Лигаи маҳалла» дар интихоби беҳтарин истеъдодҳо ҳамчун пойгоҳи муҳим барои клубҳои касбӣ хидмат хоҳад кард. Барои ҳар як наврас имконият фароҳам оварда мешавад, то дар маҳаллаи худ бо футбол машғул шавад, дар мусобиқаҳо иштирок намояд ва истеъдоди худро нишон диҳад.
Дар мулоқот фаъолияти ҳайати мураббиён таҳти роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби миллӣ Фабио Каннаваро низ махсус таъкид гардид.
Сарвари давлат Фабио Каннавароро ҳамчун мутахассиси дорои таҷрибаи бузург дар футболи ҷаҳон тавсиф кард. Ӯ соли 2006 ҳамчун сардори тими миллии Италия чемпиони ҷаҳон гардида, ҳамон сол чун беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст ва ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овардааст.
Тавре зикр гардид, ҳайати мураббиён дар самти омодагии ҷисмонии футболбозон, интизом, равиши тактикӣ ва муносибати бомасъулиятона ба ҳар як ҷузъиёт талаботи навро ҷорӣ менамояд. Дар бозии даста унсурҳои футболи муосир, чун интихоби дурусти мавқеъ, прессинги баланд, назорати тӯп ва ҳамлаҳои зудкори ҷавобӣ тақвият меёбанд.
Президенти мамлакат Фабио Каннавароро бо нахустин иштироки ӯ ҳамчун мураббӣ дар чемпионати ҷаҳон табрик гуфта, ба ҳайати мураббиён муваффақият орзу намуд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар чемпионати ҷаҳон бозӣ осон нахоҳад шуд ва дастаи мунтахаби миллӣ бо дастаҳои пурзӯри Португалия, Колумбия ва Конго вориди майдон хоҳад шуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки футболбозони мо аллакай таърих офаридаанд ва акнун бояд дар бозиҳои муҳим бидуни фишори зиёдатӣ, бо тамоми қуввату ғайрати худ шарафи Ватанро сазоворона ҳимоя намоянд.
Дар бозиҳои чемпионати ҷаҳон фан-клубҳо, ҳазорон мухлисони футбол ва ҳамватанони мо дар Амрико дар варзишгоҳҳо дастаи моро дастгирӣ хоҳанд кард.
– Халқу Ватани мо ба шумо бовар доранд, Президент ба шумо бовар дорад. Биравед, мардонавор бозӣ кунед, шарафи Ватанро сазоворона ҳимоя намоед, – гуфт сарвари давлат.
Мулоқот дар фазои самимӣ ва рӯҳияи болида баргузор гардид. Ба дастаи мунтахаби миллӣ иштироки шоиста, пирӯзиҳои нав ва бобарорӣ дар чемпионати ҷаҳон таманно гардид.