Қисми асосии маҳсулоти содиротии онҳо аз карами сафед, карами гулдор, пиёзи сар, шибит, ҷаъфарӣ, ангур, лаблабу, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот иборат мебошад.

Тавре дар идора шарҳ додаанд, ин қарор бинобар зиёд шудани ҳолатҳои ошкор шудани объектҳои карантинӣ дар маҳсулоти аз Ӯзбекистон воридшаванда қабул шудааст. Маҳдудиятҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ, нигоҳ доштани вазъи фитосанитарии қаламрави Русия ва пешгирии воридшавию паҳншавии организмҳои карантинӣ равона шудаанд.

Тибқи маълумоти Росселхознадзор, аз аввали соли 2026 дар маҳсулоти аз Ӯзбекистон воридшуда 132 ҳолати ошкор шудани объектҳои карантинӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, вируси қаҳваранги чиншавии меваи помидор (Tomato brown rugose fruit virus), куяи помидори Амрикои Ҷанубӣ (Tuta absoluta), трипси гули ғарбӣ (Frankliniella occidentalis) ва бенивируси зардшавии некротикии рагҳои лаблабу (Beet necrotic yellow vein benyvirus) муайян шудаанд.