Бино ба маълумоти Консулгарии генералии Ӯзбекистон, кӯдаки С.Х. пои росташро аз даст дода, ба ҷарроҳии мураккаби навбатӣ ниёз дорад. Ин амалиёт барои моҳҳои октябр–ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии травматология ва ортопедияи Новосибирск ба нақша гирифта шудааст.

Дипломатҳо бо ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Новосибирск гуфтушунид анҷом дода, бо назардошти вазъи вазнини саломатии кӯдак ва зарурати идомаи табобати ӯ дар Новосибирск барои аз феҳристи шахсони таҳти назорат хориҷ намудани аъзои ноболиғи оила мусоидат хостанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба аъзои оила шаҳодатномаҳои бозгашт ба Ӯзбекистон дода шуда, барои муваққатан ба ватан баргаштани онҳо иҷозат фароҳам оварда шуд. Намояндагии Агентии муҳоҷират барои ҳамаи аъзои оила чиптаҳои ҳавопаймо харидорӣ кард. Кормандони консулгарӣ онҳоро то фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск ҳамроҳӣ намуданд.

15 октябр модар ва фарзандонаш ба самти Тошканд парвоз карданд.

Дар Консулгарии генералӣ таъкид намуданд, ки дар давраи будубоши оила дар Ӯзбекистон масъалаи аз феҳристи шахсони таҳти назорат хориҷ намудани аъзои он баррасӣ хоҳад шуд. Ин имкон медиҳад, ки модар ва духтараш минбаъд барои идомаи курси табобат ба Новосибирск баргарданд.