Дар кори ин ҳамоиш зиёда аз 1,5 ҳазор намояндаи воломақоми мақомоти давлатӣ ва коршиносон аз 175 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Имсол Ӯзбекистон бори аввал ба ҳайати ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ шомил гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа Саида Мирзиёева бо маърӯзаи миллӣ оид ба ислоҳот ва дастовардҳои Ӯзбекистон дар самтҳои адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон, пешгирии ҷинояткорӣ ва дастгирии ҷавонон суханронӣ кард.

Ӯ таъкид намуд:

«Ман бо маърӯзаи миллӣ дар бораи фаъолияти кишвари мо дар соҳаи адолати судӣ, ҳифзи занону кӯдакон, пешгирии ҷинояткорӣ ва дастгирии ҷавонон баромад кардам. Ҷиноятҳои киберӣ, коррупсия ва хушунати хонаводагӣ марз надоранд. Аз ин рӯ, мубориза бо онҳо танҳо тавассути ҳамкорӣ, муколама, мубодилаи таҷриба ва шарикии байналмилалӣ самарабахш хоҳад буд».

Иштироки Ӯзбекистон дар фаъолияти комиссия бозгӯи нақши рӯзафзуни кишвар дар ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният ва муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ мебошад.