Ба гуфтаи манбаъҳои он, лоиҳаи қонун метавонад дар ояндаи наздик ба парлумони миллӣ пешниҳод карда шавад. Ҳуҷҷат бо истифода аз таҷрибаи Австралия таҳия шудааст. Ин чораҳо қисман аз шикоятҳои сершумори волидоне, ки фарзандонашон вақти зиёдашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, вобастаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Испания ва ҷазираҳои Малдив низ ният доранд маҳдудиятҳои ба ин монандро ҷорӣ намоянд.
Қонуне, ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро барои шахсони то 16-сола манъ мекунад, дар Австралия аз 10 декабри соли 2025 эътибор пайдо кард. Ин маҳдудият ба платформаҳои Facebook, Instagram, Kick, Reddit, Snapchat, Threads, TikTok, Twitch, X ва YouTube дахл дорад. Тибқи қонунгузории нави қабулшуда, платформаҳои технологӣ барои вайрон кардани ин талабот пурра ҷавобгар буда, агар онҳо барои нест кардани ҳисобҳои корбарони ноболиғ тамоми чораҳои имконпазирро наандешанд, ба маблағи 49,5 миллион доллари Австралия (тақрибан 35 миллион доллари ИМА) ҷарима карда мешаванд.
Тавре хабаргузории TASS иттилоъ медиҳад, аз замони мавриди амал қарор гирифтани ин қонун, ҳадди ақал 4,7 миллион ҳисоб (аккаунт)-и кӯдакон ва наврасон ғайрифаъол гардонида ё пурра ҳазф карда шудааст.