Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт: «Созишнома бо
Ҷумҳурии Исломии Эрон акнун ба поён расид. Ҳамаро табрик мегӯям».
Сарвари давлат инчунин аз бекор шудани муҳосираи баҳрии
Амрико хабар дод.
Дар навбати худ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Казем Ғариб-Ободӣ тасдиқ кард, ки матни
созишнома мувофиқа шудааст ва маросими имзои он рӯзи 19 июн дар Швейсария баргузор мегардад.
Ба гуфтаи Трамп, баъд аз имзои созишнома, ҳаракат дар тангаи Ҳурмуз низ барқарор шуда, корҳои поксозӣ
аз минаҳо оғоз меёбанд.
«Нафт бори дигар
барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳар ду самт ҷорӣ хоҳад шуд», таъкид кард Трамп.
Рӯзи ҷумъа хабаргузории Mehr
нуктаҳои асосии тарҳи созишномаи сулҳи миёни Теҳрон ва Вашингтонро нашр
кард. Ҳуҷҷат аз 14 банд иборат буда, аз ҷумла қатъи фаврӣ ва пурраи амалиёти ҷангӣ
дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнонро
пешбинӣ менамояд.
Рӯзи панҷшанбе сарвари Кохи сафед изҳор дошт, ки дар
доираи созишнома Эрон уҳдадор мешавад барои дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ талош
накунад.
Дар ҳамин ҳол, дафтари сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу иддао мекунад, ки Ҷумҳурии
Исломии Эрон инчунин аз ғанисозии уран даст кашида, иншооти марбутаро барҳам
медиҳад, маҳдудиятҳоро дар истеҳсоли мушакҳо мепазирад ва аз дастгирии гурӯҳҳои
ҳампаймони худ дар Ховари Миёна худдорӣ хоҳад кард.