Дар доираи ин кумак ба Афғонистон 20 тонна тухмии сертификатдори пахта, ки ба шароити гуногуни обу ҳаво устувор аст, 20 тонна тухмии биринҷ, инчунин 500 килограмм тухмии хушсифати интихобшудаи сабзавот ва полезиҳо фиристода шуд.

Интизор меравад, ки кумаки пешниҳодшуда ба таҳкими амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани шуғли аҳолии деҳот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ дар Афғонистон мусоидат намояд.

Ҳамкории Ӯзбекистон ва Афғонистон дар соҳаи кишоварзӣ пайваста рушд ёфта, ба таҳкими суботи минтақавӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар хидмат мекунад.