Дар ин бора ҳокимияти вилояти Сурхондарё хабар дод.

Кумаки башардӯстона дар арафаи иди мубораки Қурбон ҳамчун рамзи дастгирӣ ва ҳамбастагии мардуми Ӯзбекистон, инчунин барои кӯмак ба сокинони Афғонистон, ки аз обхезиҳо ва селҳо зарар дидаанд, фиристода шудааст.

Маросими супоридани кумак дар ҳудуди ширкати "Astras" дар шаҳри Хайратон баргузор гардид. Дар он намояндаи махсуси Президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматилла Эргашев, ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов, муовини губернатори музофоти Балх Нурулҳодӣ Абуидрис, инчунин дигар намояндагони расмии ду кишвар иштирок карданд.

Ба таркиби кумаки башардӯстона орд, биринҷ, шакар, маҳсулоти макаронӣ ва қаннодӣ, равғани растанӣ, нахӯд ва маҳсулоти зудтайёр дохил шудаанд.

Ҷониби Афғонистон ба Президент ва мардуми Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстонаи расонидашуда изҳори сипос намуда, ҳамчунин ба муносибати иди мубораки Қурбон табрикоти самимӣ ирсол кард.