Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки ба шарофати муколамаи созанда дар сатҳи олӣ муносибатҳои Ӯзбекистону Фаронса босуръат рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шудаанд. Қайд карда шуд, ки Фаронса шарики боэътимод ва дарозмуддати Ӯзбекистон мебошад.
Натиҷаҳои мусбати ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, энергетика, саноат, озуқаворӣ, нақлиёт ва логистика баррасӣ намуда, аз дастгирии мутақобилаи ташаббусҳо дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.
Ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчун унсури муҳими таҳкими муколама байни ду кишвар диққати махсус дода шуд. Зарурати фаъол намудани робитаҳо миёни кумитаҳои соҳавӣ, рушди алоқаҳои байниминтақавӣ ва густариши фаъолияти гурӯҳҳои ҳамкории байнипарлумонӣ таъкид гардид.
Аҳамияти баргузории Форуми якуми байнипарлумонии «Ӯзбекистон – Фаронса» ҳамчун механизми муассири амиқсозии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои муҳими дуҷониба ва байниминтақавӣ махсус қайд шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муколамаи байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкориҳои амалӣ изҳор намуданд.