Дар ҷаласаи имрӯз дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузоргардида қарор қабул шуд, ки ҳуқуқи баргузории Ҷоми Осиё байни наврасони то 17-сола (U-17) дар соли 2027 ба Ӯзбекистон дода шавад.

Ҳамчунин мизбонони дигар мусобиқаҳои қоравӣ муайян гардиданд:

Ҷоми Осиё U-17 (2027) - Ӯзбекистон;

Ҷоми Осиё U-23 (2028) - Ҷопон (ҳамзамон мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес);

Ҷоми Осиё U-17 (2029) - Арабистони Саудӣ.

Илова бар ин, Кумитаи иҷроияи AFC формати нави Лигаи қаҳрамонони элитаи Осиёро тасдиқ намуд. Аз мавсими солҳои 2026–2027 дар ин мусобиқа 32 даста иштирок хоҳанд кард.