Аз ҷумла, намояндагони Агентии идоракунии партовҳо ва
рушди иқтисоди даврӣ бо иштироки масъулони ташкилот ва ширкатҳои бузурги
байналмилалӣ мулоқотҳо анҷом дода, аҳамияти чорабиниҳои муштараки кишварҳои
Осиёи Марказӣ ва давлатҳои хориҷиро дар соҳаи идоракунии партовҳо таъкид
намуданд.
Дар натиҷаи вохӯриҳо байни директори Агентии идоракунии
партовҳо ва рушди иқтисоди даврӣ Шарифбек Ҳасанов, президенти ширкати “Vision
International Investment Company”-и Арабистони Саудӣ Умар Алмидонӣ ва директори
генералии ширкатии “SUEZ International”-и Фаронса оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ
Силвер Делоне созишномаи ҳамкорӣ (Head of Terms) ба имзо расид.