Аз ҷониби Ӯзбекистон дар чорабинӣ муовини роҳбари
Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи
тандурустӣ Тамила Алиева,
муовини Сарвазир Ҷамшид Хоҷаев,
роҳбарони Вазорати тандурустӣ, Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо, Вазорати
технологияҳои рақамӣ, Вазорати шуғл ва коҳиши камбизоатӣ, Агентии муҳоҷират ва
намояндагони муассисаҳои пешқадами тиббии кишвар иштирок намуданд.
Ҳайати Арабистони Саудиро вазири тандурустии Подшоҳии
Арабистони Саудӣ Фаҳд бин Абдурраҳмон
Ал-Ҷалоҷил роҳбарӣ кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи як қатор
лоиҳаҳои муштарак ва ташаббусҳои ояндадорро баррасӣ намуданд.
Яке аз лоиҳаҳои асосӣ бунёди беморхонаи муосири бисёрсоҳа
барои 800 кат дар шаҳри
Фарғона бо иштироки ширкати Vision
International Investment Company мебошад. Дар заминаи ин
муассисаи тиббӣ таъсиси шаҳраки тиббии Fergana
Plus ба нақша гирифта шудааст, ки марказҳои табобатӣ ва таълимӣ,
инчунин маҷмааи меҳмонхонаро муттаҳид хоҳад кард.
Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Jamjoom Pharma ва Sudair Pharma маҳаллисозии истеҳсоли
маҳсулоти дорусозӣ дар Ӯзбекистон ба роҳ монда мешавад. Дар ҳамкорӣ бо SEHA Virtual Hospital рушди телетиб
ва хидматрасониҳои тиббии виртуалӣ, инчунин якҷо бо Lean Business Services ҷорӣ намудани
технологияҳои рақамии муосир ва зеҳни сунъӣ дар низоми тандурустӣ пешбинӣ
шудааст.
Ҳамчунин лоиҳаҳо оид ба такмили идоракунии муассисаҳои
тиббӣ бо иштироки ширкати Health
Holding, рушди харидҳои мутамарказ ва логистикаи тиббӣ дар ҳамкорӣ
бо NUPCO, инчунин ҷорӣ
намудани механизмҳои муосири суғуртаи тиббӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии суғуртаи
тиббии Арабистони Саудӣ муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши
минбаъдаи шарикӣ тасдиқ намуда, изҳори итминон карданд, ки татбиқи лоиҳаҳои
муштарак ба баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ва самаранокии хидматрасониҳои
тиббӣ дар Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.