АИ "Дунё" бо истинод ба нашрияи "Travel
Tomorrow"-и Белгия хабар медиҳад, ки ин лоиҳа барои навсозии инфрасохтори
нақлиётии кишвар ва дастгирии бахши сайёҳии босуръат рушдёбанда равона шудааст.
Қатораи нав бо номи «Ҷалолиддин Мангубердӣ» имкон
медиҳад, ки вақти сафар байни пойтахт ва яке аз марказҳои муҳими сайёҳии Роҳи
абрешими бузург аз тақрибан 14 соат то ҳудуди 7,5 соат кӯтоҳ карда шавад.
Гуфта мешавад, ки хизматрасонӣ тавассути қатораҳои
баландсуръати истеҳсоли Hyundai Rotem
анҷом дода мешавад, ки метавонанд то 260 км/соат суръат гиранд. Ин қатораҳо
барои кор дар шароити иқлими гарм ва минтақаҳои биёбонии Ӯзбекистон мутобиқ
гардонида шудаанд.
«Ҳар як қатора аз ҳафт вагон иборат буда, иқтидори умумии
он тақрибан 390 мусофирро ташкил медиҳад ва се синфи хизматрасонӣ — VIP, бизнес
ва иқтисод пешниҳод мекунад», — менависад нашрия.
Ифтитоҳи хатсайри нав як қисми барномаи васеи навсозии
низоми роҳи оҳани кишвар мебошад, ки бо иштироки шарикони хориҷӣ амалӣ
мегардад. Шартнома бо ширкати Hyundai Rotem
дар доираи ҳамкорӣ пас аз сафари давлатии президенти Кореяи Ҷанубӣ ба имзо
расидааст.
Интизор меравад, ки хатсайри нав пайвастагии нақлиётии
кишварро тақвият бахшида, дастрасии Хиваро,
ки яке аз шаҳрҳои беҳтарин ҳифзшудаи таърихии Осиёи Марказӣ ва объекти мероси
ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад, беҳтар намояд.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни сайёҳон ба Ӯзбекистон афзоиш
меёбад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, дар соли 2025 шумораи ташрифҳои
байналмилалӣ 14% зиёд шудааст. Мақомоти кишвар ният доранд то соли 2026 то 12 миллион
сайёҳи хориҷиро ҷалб намуда, то соли 2030 ин нишондиҳандаро ба 20 миллион
расонанд.
Хива,
ки таърихи он беш аз 2500 солро дар бар мегирад, яке аз марказҳои муҳими мероси
фарҳангии Роҳи абрешими бузург ба ҳисоб меравад. Дар маҷмааи таърихии Ичан-Кала зиёда аз 50 ёдгории меъморӣ, аз ҷумла
масҷиди Ҷума, қалъаи Куня-Арк ва мақбараи Паҳлавон Маҳмуд ҷойгир аст.
«Ба
роҳ мондани алоқаи баландсуръати роҳи оҳан байни Тошканд ва Хива яке аз омилҳои
калидии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар кишвар ба ҳисоб
меравад», — илова мекунад «Travel Tomorrow».