Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар фурудгоҳи байналмилалии
Тошканд бағоҷи як шаҳрванди соли таваллудаш 1980, зодаи вилояти Андиҷон ва
сокини кунунии Тошканд, ки нияти парвоз бо хатсайри «Тошкент — Дубай»-ро дошт,
мавриди санҷиш қарор гирифт.
Ҳангоми кофтукоб дар қисми махфии ҷомадон қуттиҳои тилло
бо вазни умумии 1 килограмму 923 грамм ёфт шуданд. Тиллои мусодирашуда ҳамчун
далели шайъӣ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин муайян гардид, ки боз як шаҳрванди вилояти Тошканд,
соли таваллудаш 1992, ки қаблан тибқи моддаи 182 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
суд шудааст, ба ин ҷиноят даст дорад.
Айни ҳол аз рӯйи ин ҳодиса санҷишҳои пешакӣ ва амалҳои
тафтишотӣ идома доранд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват карданд, ки дар
бораи чунин қонуншиканиҳо тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд. Махфияти муроҷиатҳо
кафолат дода мешавад.