Дар ҷараёни ин амалиёт панҷ шаҳрванди муқими вилоятҳои
Андиҷон ва Фарғона, ки ният доштанд бо рейси «Намангон — Деҳлӣ» ба Ҳиндустон
парвоз кунанд, мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Муайян карда шуд, ки онҳо кӯшиш доштаанд 555 грамм хулаи тилло
ва 200 грамм маснуоти заргариро бо роҳи истифода аз узвҳои дохилии бадани худ
ба ҳайси ба истилоҳ «контейнери зинда» ба хориҷ ғайриқонунӣ интиқол диҳанд.
Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, арзиши умумии металлҳои
қиматбаҳои мусодирашуда тақрибан 1,1 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.
Айни ҳол аз рӯи ин ҳолат санҷиши пешакӣ гузаронида
мешавад.