Ҳангоми санҷиш аз як шаҳрванд, соли таваллудаш 2000, 993 грамм ҳашиш ва 212 грамм маводи мухаддири «Алфа-ПВП» ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид. Илова бар ин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 2728 дона доруи «Регапен» ва 458 адад воситаи дорувории пуртаъсири «Тропикамид»-ро ошкор намуданд.

Амалиёти дигари махсус аз ҷониби кормандони Раёсати ХДА дар вилояти Намангон дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва гумрук анҷом дода шуд.

Дар ҳудуди ноҳияи Чуст автомашинаи тамғаи Spark, ки аз хатсайри «Тошканд — Намангон» ҳаракат мекард, барои санҷиш боздошт шуд. Дар натиҷа аз мусофирон — сокини шаҳри Намангон, соли таваллудаш 1992 ва як шаҳрванд аз ноҳияи Давлатобод, соли таваллудаш 1997, 1 килограмму 127 грамм афюн дарёфт ва мусодира гардид.

Аз рӯйи ҳар ду ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Дар Хадамоти давлатии амният аз шаҳрвандон даъват карданд, ки дар бораи ҳолатҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд. Махфияти муроҷиатҳо кафолат дода мешавад.