Дар ҷараёни амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди маҳаллаи
«Зарафшон»-и ноҳияи Чуст кормандони ҳифзи ҳуқуқ автомашинаи тамғаи Chevrolet Spark-ро, ки нисбат ба он маълумоти
оперативӣ ворид шуда буд, боздоштанд.
Тавре хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти
Намангон хабар дод, ҳангоми азназаргузаронии мошин дар ҳузури шоҳидон аз дохили
он 1,2 килограмм маводи мухаддир -- афюн дарёфт ва мусодира карда шуд. Маводи
мусодирашуда ҳамчун далели шайъӣ ба расмият дароварда шуд.
Аз рӯи ин ҳолат тибқи қисми 2 моддаи 246 ва қисми 5
моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,
гумонбарон бо тартиби мурофиавӣ боздошт шудаанд.