Дар ин бора Раёсати экологияи вилоят хабар дод.
Тавре зикр гардид, айни ҳол дар вилоят 11 партовгоҳи марказӣ фаъолият мекунад. Дар атрофи онҳо ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда мешаванд.
Ба обёрӣ ва нигоҳубини ниҳолҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Барои иҷрои корҳои дахлдор кормандони масъул вобаста карда мешаванд.
Аз ҷумла, корҳои ободонӣ дар атрофи партовгоҳи марказии ноҳияи Пайариқ низ анҷом дода мешаванд. Қитъаҳои замини ҳудуди он шудгор шуда, барои шинондани ниҳолҳо омода карда мешаванд.
Таъкид мешавад, ки ин тадбирҳо ба беҳтар намудани вазъи экологӣ дар атрофи партовгоҳҳо, ободонии ҳудудҳо ва васеъ намудани минтақаҳои сабз равона шудаанд.