Муайян карда шуд, ки афроди номаълум аз қаламрави Афғонистон қасд доштаанд тавассути рӯди Омӯ ва бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин (дрон) маводи мухаддирро ба қаламрави Ӯзбекистон интиқол диҳанд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ин фаъолияти ғайриқонунӣ сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Ҳамчун далели шайъӣ 2 килограмму 32 грамм афюн, ки ба дрон васл шуда буд, мусодира гардид.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.