Муайян гардид, ки дар ноҳияи Денови вилояти Сурхондарё шаҳрванди соли таваллудаш 1985, ки қаблан суд шудааст, бидуни доштани маълумоти махсуси динӣ ва иҷозатномаи дахлдор аз моҳи июни соли ҷорӣ дар манзили худ ба 22 кӯдаки солҳои таваллудашон 2011–2019 таълими динӣ медодааст.

Тафтишот нишон дод, ки ноболиғон аз ноҳияҳои Денов ва Олтинсой омада буда, дар шароите зиндагӣ ва таҳсил мекарданд, ки ба талаботи санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ набуд. Барои таълим ва иқомат аз волидони онҳо ҳар моҳ аз 500 ҳазор сӯм то 100 доллари ИМА маблағ ситонида мешуд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ҳангоми азназаргузаронии манзили зани соли таваллудаш 1971 бо иштироки шоҳидон муайян гардид, ки ӯ аз охири моҳи майи соли ҷорӣ бидуни иҷозати дахлдор ба 5 кӯдаки ноболиғи солҳои таваллудашон 2011–2017, ки аз ноҳияҳои Бағдод ва Ёзёвон омада буданд, донишҳои динӣ таълим медодааст.

Дар ҷараёни санҷиш адабиёти динӣ, ки дар раванди таълим истифода мешуд, барои гузаронидани ташхисҳои дахлдор мусодира карда шуд.

Аз рӯи ҳар ду ҳолат нисбати шаҳрвандон тибқи қисми 2 моддаи 229² Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Айни замон чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.

Нисбати волидони ноболиғон мувофиқи моддаи 47 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ чораҳои таъсири маъмурӣ андешида шуда, инчунин бо онҳо суҳбатҳои пешгирикунанда баргузор гардиданд.

Хадамоти давлатии амният аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар бораи чунин қонуншиканиҳо тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд. Махфияти маълумоти муроҷиаткунандагон пурра кафолат дода мешавад.