Дар ҷараёни музокирот сафир ба роҳбарияти палата барои
ташкили сафари ахири ҳайати минтақаи Курдистон ба Ӯзбекистон изҳори сипос
намуда, омодагии худро барои дастгирии ҳамаҷонибаи рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии
дуҷониба таъкид кард, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот эълони ифтитоҳи Хонаи савдои Ӯзбекистон дар Эрбил
буд. Зикр гардид, ки маркази нав ба макони доимии муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти ӯзбекистонӣ
табдил ёфта, ба пешбурди молҳои Ӯзбекистон дар бозори минтақаи Курдистон ва
фароҳам овардани имкониятҳои нав барои соҳибкорони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Сафир инчунин хабар дод, ки Ҳукумати Ӯзбекистон барои
рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони минтақаи Курдистон шароити зарурӣ фароҳам оварда,
барои ҷалби ширкатҳо ва сармоягузорони ӯзбекистонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак
ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ тадбирҳо меандешад.
Раиси палата аз ташаббуси таъсиси Хонаи савдои Ӯзбекистон
истиқбол намуда, онро натиҷаи амалии тавофуқҳои зимни сафари ҳайат ба Тошканд бадастомада
арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин омодагии палатаро барои расонидани дастгирии ҳуқуқӣ ва
логистикӣ ба ширкатҳо ва сармоягузорони ӯзбекистонӣ изҳор намуда, итминон дод,
ки маркази нави савдо ба афзоиши гардиши мол ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Ӯзбекистон
ва Курдистони Ироқ мусоидат хоҳад кард.