Бино ба иттилои Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, дар шаш моҳи
соли 2026 ба 562 918 оилаи ниёзманд
барои неруи барқ ва гази табиӣ ҷубронпулӣ пардохт шудааст. Ҳаҷми умумии ин
пардохтҳо 92,1 миллиард сӯмро
ташкил дод.
Аз
ҷумла:
барои
неруи барқ — 51 427,8 миллион сӯм;
барои
гази табиӣ — 40 702,3 миллион сӯм.
Барои
гирифтани маълумоти муфассал дар бораи тартиби расмӣ намудани ҷубронпулӣ ва
гирифтани он метавон ба корманди иҷтимоӣ дар маҳалла, маркази ноҳиявии хидматрасониҳои
иҷтимоии «Инсон» муроҷиат
намуд ё ба Маркази тамоси Агентӣ бо рақами кӯтоҳи 1140 занг зад.