Яке аз чунин ҳолатҳо ба шаҳрванди Ӯзбекистон марбут аст, ки соли 2024 барои кор ба Санкт-Петербург рафта буд. Аз моҳи марти соли ҷорӣ наздиконаш бо ӯ тамос гирифта наметавонистанд.
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки вазъи равонии мард тағйир ёфта, ӯ бе нигоҳубини зарурӣ мондааст. Бо мусоидати Агентии муҳоҷират ӯ тавассути рейси «Санкт-Петербург — Тошканд» ба ватан баргардонида шуд.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони баргашта:
1306 нафар шаҳрвандоне буданд, ки дар мушкилоти молиявӣ қарор доштанд;
518 нафар занони кӯдакдор;
1022 нафар кӯдакон;
42 нафар — шаҳрвандоне буданд, ки бо истифода аз нақлиёти махсуси тиббӣ дар ҳолати хобида ба ватан оварда шуданд.
Ғайр аз ин, 15 нафар шаҳрвандоне, ки ба назорати тиббӣ ниёз доштанд, таҳти назорати табибони Вазорати тандурустӣ ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд.
Агентии муҳоҷират таъкид мекунад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ҳангоми кор дар хориҷи кишвар ба вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешаванд, метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои гирифтани кумак муроҷиат кунанд.