Александр Беглов сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатии бардавом, саодатмандӣ ва дастовардҳои бузург орзу намуд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории амалии дуҷониба байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва шаҳри Санкт-Петербург баррасӣ шуданд.

Ба андешидани тадбирҳои муштарак барои афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ва идомаи табодули фаъоли фарҳангиву гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» таваҷҷуҳи махсус дода шуд.