Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ширкат ҷустанд.

Сарони давлатҳо бинобар масъалаҳои рӯзмарраи таъмин сохтани рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ, амният ва боло бурдани некӯҳолии халқҳову давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон мубодилаи афкор карданд.

Сарвари Ӯзбекистон дар ибтидои суханронии худ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров барои ташаббусаш бобати баргузор кардани ҳамоиши ғайрирасмӣ ва истиқболи гарм дар соҳили Иссиқкӯл миннатдорӣ баён кард.

Ҳамчунин ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов барои раисии самарабахшаш дар формати Мулоқоти машваратӣ сипосгузорӣ изҳор гардид.

Дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди истиқлолияти кишварҳои минтақа ба комёбиҳои истиқрори давлатӣ, рушди иҷтимоӣ ва эҳёи миллии ҳамагон баҳои баланд дода шуд.

– Ба шарофати саъю кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказии дар собиқ пароканда алҳол баҳри мақсадҳои умумии рушд муттаҳид мегардад, – махсус таъкид намуд Президенти кишвари мо.

Воқеияти мураккаб ва душвори вазъи байналхалқиро таҳлил намуда, ӯ аз иштирокдорони мулоқот даъват намуд, ки минбаъд низ барои ҳаракатҳои қатъӣ ва ҳамоҳангии беш аз пеш қарин саъй намоянд. Тавре ки роҳбари давлати мо таъкид кард, ба формати Мулоқоти машваратӣ ҳамроҳ шудани Озарбойҷон ҳамкориҳои тарафайни байни кишварҳоро ба дараҷаи сифатан нав – сатҳи макроминтақавӣ мебардорад.

– Дар назди мо имконияти таърихии ташаккул додани пешрафти соҳати ягона, ки Осиёи Марказӣ, Кавкази Ҷанубӣ ва ҳамсояи наздики мо – Афғонистонро муттаҳид менамояд, боз мегардад, – изҳор дошт роҳбари Ӯзбекистон. Ба мақсади мустаҳкам намудани асосҳо барои рушди устувор, иртиботи тарафайн ва некҳамсоягии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барномаи афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ пешниҳод карда шуд.

Пеш аз ҳама муҳимияти ташаккули минбаъдаи тарҳи устувори ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ, ки бояд ба идораҳои самарабхши ҳамкорӣ, алоқаҳои қарини идораҳои соҳавӣ, робитаҳои бевосита минтақаҳо ва барномаҳои дарозмуҳлати муштарак дар соҳаҳои асосии пешрафт такя кунад, таъкид гардид.

Зарурияти пурзӯр намудани қаробат дар доираи созмонҳои байнидавлатӣ ва форматҳои “Осиёи Марказӣ ҷамъ”, ки ба мустаҳкамсозии субъектҳои байналхалқии минтақа мусоидат хоҳад кард, таъкид шуд.

Коркарди соҳавӣ иқдомҳои минбаъдаро бобати мустаҳкам намудани иртиботи тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ ва нақлиётӣ, пурзӯр намудани силсилаҳои вобастаи саноативу технологӣ, рушди хидматрасониҳои умумии рақамӣ ва ба роҳ мондани платформаи сармоявиро тақозо дорад.

Ба майдони рақобатпазири таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ табдил додани Осиёи Марказӣ аз тариқи созмон додани инфрасохтори ягона, ки иқтидорҳои кадрӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, марказҳои маълумот ва имкониятҳои энергетикиро муттаҳид мекунанд, таъкид гардид.

Махсус зикр шуд, ки ғамхорӣ дар бораи муҳити атроф ҳамеша мавзӯи калидии рӯзномаи минтақавӣ буд ва боқӣ мемонад. Хурӯҷҳое, ки дар соҳати умумии табиии мо рух медиҳанд, сарҳадҳои давлатиро эътироф намекунанд, ин маънои онро дорад, ки мо бояд ҳамҷиҳат бошем.

– Гармои фавқулодаи тобистони кунунӣ бори дигар собит намуд, ки тағйироти иқлим ба иқтисодиёт, амнияти об ва энергетика, саломатии мардум ва сифати ҳаёт таъсири бевосита дорад. Бояд ҳаллу фасли дарозмуҳлат бинобар обсозиши муштарак нисбати ин хатари нав дарёфта шавад, – қайд кард роҳбари давлати мо.

Дар байни бартариҳои доимии ҳамкорӣ барномаҳои башардӯстона махсус қайд шуданд. Халқҳои минтақа асрҳо ҳампаҳлу зиста, тиҷоратро инкишоф доданд, бинобар донишҳо ва анъанаҳои фарҳангӣ мубодила карданд. Баробари амиқ шудани ҳамкориҳои тарафайни кунунӣ дар одамон эҳсоси ягонагӣ мустаҳкам мегардад.

– Якҷо бо ҳифз намудани махсусияти миллии халқҳои мо хусусиятҳои умумиминтақавӣ ба миён меоянд. Бовар дорам, ки сифатан нав кардани муҳтавои кор дар ҷанбаи мазкур эҳсоси ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳои моро мустаҳкам хоҳад кард, – таъкид намуд сарвари кишвари мо.

Дар анҷоми суханрониаш Президенти Ӯзбекистон эътимоди амиқи худро изҳор дошт, ки нируи умумӣ аз ягонагӣ, эътимоди тарафайн ва садоқати қатъии созмони муштарак таркиб меёбад.

Дар чорабинӣ ҳамчунин сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баромад карда, нуқтаи назари худро нисбати вазъият ва пешомади рушди ҳамкориҳои минтақавӣ иброз доштанд.

Бинобар натиҷаи ҳамоиш Баённомаи Чӯлпонота қабул гардид.