Пешвои
Тоҷикистон роҳбари давлати моро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуда, ба ӯ
саломатии мустаҳкам, бахту саодат, нируи хастанопазир ва дар роҳи ба ҳаёт татбиқ
сохтани орзуву омоли халқи дӯсти Ӯзбекистон комёбиҳои нав орзу намуд.
Эмомалӣ
Раҳмон махсус таъкид кард, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои Президенти Ӯзбекистон
алҳол мамлакат дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ собитқадамона пеш меравад, обрӯву
нуфузи худро дар арсаи байналхалқӣ мустақимона мустаҳкам менамояд.
Дар
ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ,
шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ӯзбекистониву
тоҷикистонӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо
ба масъалаҳои амалан татбиқсозии муоҳидаҳои давлатии сафари Президенти Тоҷикистон
ба Ӯзбекистон, ки 26-27 марти соли равон ба вуқӯъ омада буд, пеш аз ҳама, соҳаҳои
тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ эътибори махсус доданд.
Роҳбарон
оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ низ мубодилаи афкор карда, ҷадвали вохӯриҳои
минбаъдаро муҳокима намуданд.