Дар ҷараёни боздид ӯ бо лоиҳаҳои иҷтимоӣ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи шахсони дорои маъюбият, инчунин механизмҳои муосири дастгирии ҷавонон ва оилаҳо шинос шуд.
Фестивал намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши тиҷорат, низоми бонкӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятиро муттаҳид кард.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пешбурди ташаббусҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли фарогир ва дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ мебошад.