Барои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Тошканд баргузор мешавад, 104 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд

    Варзиш 7 Aprel 2023 2280

    Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон, ки аз 30 апрел то 14 май дар Тошканд баргузор мешавад, варзишгарони 104 кишвари ҷаҳон қувва меозмоянд. Аллакай беш аз 640 муштзан дар 13 вазн сабти ном шудаанд.

    Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) сабти ном то 14 апрел дароз шудааст.

    Дар байни иштирокчиёни чемпионат ҳафт қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Ҷопон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Куба ҳастанд. Дорандагони унвон метавонанд ҳам иштирокчиёни ботаҷриба ва ҳам навҳоро ба арсаи байналмилалӣ даъват кунанд.

    Гуфта мешавад, ки фонди ҷоизаи дукаратаи Ҷоми ҷаҳон 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Барандагони медали тилло 200 000 доллар мегиранд. Маблағи ҷоиза барои ғолибони нуқра 100 000 доллар ва ҷоизаи сеюм 50 000 долларро ташкил медиҳад.

    Мусобиқаҳо аз 30 апрел бо тантана кушода мешаванд. Нахустин набардҳо 1 май ва финалӣ 13 ва 14 май дар назар аст.

    Ба навиштаи нашрияи русии Sport24, дар ин мусобиқот муштзанҳои Русия ва Беларус бо рамзҳои миллӣ ва сурудҳои кишварҳои худ ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, рӯйхати давлатҳое, ки аз ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ саркашӣ кардаанд, васеъ шудааст. Ҳоло ба он Британияи Кабир, Ирландия, Канада, Нидерландия, Полша, ИМА, Украина, Чехия, Швейтсария ва Шветсия дохил мешаванд.

    Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи мустақили ахлоқи (BIIU) IBA тасмим гирифт, ки алайҳи раҳбарони панҷ федератсияи миллӣ, ки Чемпионати ҷаҳонии боксро бойкот мекунанд – Зеландияи Нав, Канада, ИМА, Чехия ва Шветсия парвандаи интизомӣ боз кунад.

    Дар ҳамин ҳол, Федератсияи бокси Ӯзбекистон бо изҳороти расмӣ аз он хусус, ки «ҷониби Ӯзбекистон салоҳияти муайян кардани он кишварҳоеро, ки барои ширкат дар мусобиқот сабти ном шудаанд, ширкат хоҳанд кард, ё хориҷ кардан ё ворид кардани баъзе тимҳои миллиро ба рӯйхати ширкаткунандагони Ҷоми ҷаҳон надорад» баромад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates