Дар маркази диққати МЭС-2026 ҳашт самти афзалиятнок қарор доранд, ки муносибати фарогир ба сиёсати экологиро инъикос мекунанд: мубориза бо тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории экосистемаҳо, мутобиқшавӣ ба хатарҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисодӣ, коҳиш додани ифлосшавии ҳаво ва идоракунии самараноки партовҳо, рушди механизмҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои экологӣ, идоракунии устувори захираҳои табиӣ, гузариши одилона ва фарогири «сабз», инчунин рушди компетенсияҳои экологӣ ва рақамӣ. Рӯзномаи ҳамоиш ҳамчунин паҳлӯҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушди устуворро фаро гирифтааст.

Дар павилонҳои миллии кишварҳое, ки дар чорабинӣ иштирок доранд, дастовард ва нақшаҳои минбаъдаи онҳо дар ин самтҳо ба намоиш гузошта шудаанд.

Павилони Ӯзбекистон, ки дар шакли майдони намоишию муаррифавии интерактивӣ бо унсурҳои мултимедиявӣ ташкил шудааст, самтҳои асосии сиёсати давлатии кишварро дар соҳаҳои экология, тағйирёбии иқлим ва рушди устувори Осиёи Марказӣ инъикос менамояд. Ҳамчунин, ин намоиш саҳми Ӯзбекистонро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи экология нишон медиҳад.

Ба меҳмонони олиқадр экспозитсияе пешниҳод гардид, ки ташаббусҳои асосии ташаккули модели муосири рушди экологиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои умумимиллӣ ба мисли «Ҳудуди бидуни партов», «Ҳавои тоза», «Макони сабз», «Экомаданият», «Биомероc» ва «Таълими экологӣ».

Ба масъалаҳои рафъи оқибатҳои фоҷиаи баҳри Арал, инчунин рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо сохторҳои СММ диққати махсус дода шуд.