баннер
27 Mar 2025
04:35

    19 шаҳрванди Ӯзбекистон аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргаштанд

    19 шаҳрванди кишвари мо, аз ҷумла занон, ки қаблан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Арабистони Саудӣ боздошт шуда буданд, ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд.

    Тавре ки АИ «Дунё» иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи гуфтушунидҳои Сафорати Ӯзбекистон бо мақомоти масъули Арабистони Саудӣ ҳамаи боздоштшудагон тавонистанд ба ватан баргарданд.

    Сабаби асосии боздошт риоя накардани қонунҳо ва қоидаҳои рафторе мебошад, ки дар Арабистони Саудӣ муқаррар шудаанд.

    Шаҳрвандони Ӯзбекистон бо раводиди сайёҳӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, аммо барои кор бидуни гирифтани иҷозатҳои зарурӣ дар он ҷо боқӣ монданд. Дар байни боздоштшудагон афроде низ ҳастанд, ки 20-сола нашудаанд. Баъзеи аз онҳо бе огоҳ кардани наздиконашон ба сафар баромадаанд, ки ин боиси нигаронии оилаҳояшон ва ҷустуҷӯҳои фаъол гардид.

    Дар робита ба ин, Сафорати Ӯзбекистон ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки ният доранд ба хориҷа сафар кунанд, тавсия медиҳад, ки пешакӣ қонунгузории кишвари мизбонро омӯзанд, ба суннатҳо ва меъёрҳои маҳаллӣ эҳтиром гузоранд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои будубош ва фаъолияти қонунии худ омода намоянд.

    Илова бар ин, тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон асосҳои забони кишвари мизбонро омӯзанд, то ки дар ҳолатҳои гуногун тавонанд муошират кунанд.

    Дар ҳолати ба вуҷуд омадани мушкилот дар ҳудуди Арабистони Саудӣ, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ба Сафорати Ӯзбекистон дар Эр-Риёз ё Консулгарии генералӣ дар Ҷидда муроҷиат намоянд.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech