Абдулла Арипов бо директори генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мулоқот кард

    27 май дар Девони Вазирон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов бо директори генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг мулоқот анҷом дод.

    Дарен Танг ба Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев барои таваҷҷуҳи махсус ба таъмини ҳифзи боэътимоди ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ изҳори миннатдорӣ кард.

    Дар навбати худ, аз ҷониби Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дастгирӣ шудани ислоҳоте, ки дар самти ислоҳ ва такмили бахши моликияти зеҳнӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ дар мамлакати мо амалӣ мешаванд, эътироф гардид.

    Дар мулоқот масъалаҳои якҷоя амалӣ намудани корҳо оид ба лоиҳаи Стратегияи рушди бахши моликияти зеҳнии Ӯзбекистон барои солҳои 2026-2030, такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи моликияти зеҳнӣ дар мамлакат, таҳия ва татбиқи барномаи муштараки магистратура бо Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар заминаи самти моликияти зеҳнии магистратураи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Тошканд баррасӣ шуданд.

    Ҳамчунин доир ба ҷалби фаъолонаи мутасаддиёни Ӯзбекистон ба самтҳои иқтисодиёти сабз, тағирёбии иқлим, амнияти озуқавории Барномаи «WIPO Green»-и Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, татбиқи барномаи муштарак оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар кишвари мо парвариш мешавад, табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates