Дар арафаи парвози аввалин дар хати "Намангон — Шарҷа" дар аэропорт маросими ботантана барпо гардид. Намояндагони фурудгоҳи Наманган ва Air Arabia лентаи сурхро бурида, ба қайди парвози аввалин 170 мусофир шурӯъ карданд.
Қобили зикр аст, ки Air Arabia парвозҳои мунтазам байни Шарҷа ва Намангонро оғоз кард. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати А-320 мунтазам дар як ҳафта се маротиба - парвоз аз Намангон рӯзҳои душанбе, ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд.
Барои маълумот: Air Arabia ширкати ҳавопаймоии камхарҷи арабӣ буда, қароргоҳаш дар Шарҷа (АМА) мебошад, ки дар бозори ҳамлу нақли мусофирон аз фурудгоҳҳои Шарҷа ва Искандария, инчунин аз чаҳор фурудгоҳи Марокаш ба кишварҳои Шарқи Наздик,Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Аврупо ва ИДМ фаъолият дорад.