Бинобар натиҷаи моҳи май ҳаҷми савдои хориҷии Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 8,5 фоиз афзуда, ба 3 миллиард доллар расид, ки 11,6 фоизи ҳаҷми умумии савдои хориҷиро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, содироти Ӯзбекистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 1,2 миллиард доллар (афзоиш 9,1 фоиз) ва воридот 1,8 миллиард долларро (афзоиш 8,0 фоиз) ташкил дод.
Дар қисмати кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаҳои савдои хориҷии Ӯзбекистон чунинанд:
муомилоти мол бо Қазоқистон – 1,9 миллиард доллар (афзоиш 10,4 фоиз), аз он ҷумла содирот – 576,7 миллион доллар, воридот – 1,4 миллион доллар;
муомилоти мол бо Қирғизистон – 418,9 миллион доллар, аз он ҷумла содирот – 306,0 миллион доллар, воридот – 112,9 миллион доллар;
муомилоти мол бо Туркманистон – 363,5 миллион доллар (афзоиш 3,5 фоиз), содирот – 64,4 миллион доллар, воридот – 299,1 миллион доллар;
муомилоти мол бо Тоҷикистон – 287,6 миллион доллар (афзоиш 29,2%), содирот – 235,3 миллион доллар, воридот – 52,3 миллион доллар.
Дар муомилоти молии Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 64% ба Қазоқистон, 14% ба Қирғизистон, 12% Туркманистон ва 10% Тоҷикистон рост меояд.