Алиментдиҳандагон аз рондани мошин маҳдуд шуданашон мумкин

    Лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани тартиби ситонидани қарзи алимент» ба муҳокима пешниҳод шуд.

    Аз ҷумла, ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти дигар» дар назар аст. Маҳз, илова карда шавад, ки бо мақсади таъмини иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот мақомоти корҳои дохилӣ, дар баробари дигарҳо:

    • дар бораи ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт аз ҷониби қарздор дар асоси дархости иҷрокунандаи давлатӣ оид ба рӯёнидани алимент маълумот пешниҳод намояд;
    • иҷрои қарори иҷрокунандаи давлатиро дар бораи аз ҷониби қарздор муваққатан маҳдуд кардани ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт таъмин намояд;
    • рӯйхати шаҳрвандонеро тартиб диҳад, ки ҳуқуқи рондани воситаи нақлиёт дар асоси напардохтани алимент маҳдуд шудааст.

    Инчунин илова кардани дар кадом мавридҳо татбийқ карда нашудани маҳдудияти муваққатии ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт пешниҳод карда мешавад. Дар байни онҳо:

    • агар молу мулки мусодирашуда барои иҷрои ҳалномаи суд кифоя бошад;
    • агар ҷорӣ намудани чунин маҳдудият қарздорро аз манбаи асосӣ ва қонунии рӯзгор маҳрум созад;
    • агар ба қарздор имкони ба таъхир андохтан ё тақсим кардани пардохт ва ғайра дода шавад.

    Вобаста ба гуфтаҳои боло пешниҳод карда мешавад, ки барои идора кардани воситаи нақлиёт аз ҷониби қарздоре, ки ҳуқуқи ронандагӣ маҳдуд шудааст, ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда шавад. Ҳамин тавр, чунин амал боиси ҷарима ба андозаи 5 АБХ мегардад.

    Ҳамчунин, агар қарздор оид ба пардохти алимент талаботи дар ҳуҷҷати иҷроия зикршударо дар муҳлати муқарраргардида бе сабабҳо узрнок иҷро накунад, онҳо метавонанд амали рухсатнома, иҷозатнома ва ҳуқуқҳои махсусро боздоранд, инчунин ба ӯ додани рухсатномаро муваққатан манъ кунанд.

    Лоиҳа метавонад тағйир дода, пурра ё рад карда шавад, хабар медиҳад «Norma».

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates