Ба шахсони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ҷуброн намудани пардохти хидмати коммуналӣ ба нақша гирифта шудааст

    Вазорати молияи Ҷумҳурии Ўзбекистон лоиҳаи илова “Дар бораи тартиби амалӣ гардондани пардохтҳои ҷубронӣ барои хидматҳои манзилию коммуналӣ”-ро таҳия намуд, ки он барои баррасии ҷамъиятӣ дар СОВАЗ ҷорйгир карда шуд.

    Лоиҳа дар асоси Фармони Президенти кишвар аз 28 январи соли 2022 № ФП-58 «Дар бораи такмили минбаъдаи низоми таъминоти моддии табақаҳои аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ» таҳия шудааст.

    Дар назар дошта шудааст, ки ба шахсони яккаю танҳо, ки ба нигоҳубини беруна эҳтиёҷ доранд, имтиёзҳои иҷтимоӣ мегиранд, пардохти ҷубронпулӣ ҷорӣ карда шавад. Ҳаҷми ҷубронпулии ҳармоҳа 45 фоизи маблағи асосии ҳисобкунии нафақаро ташкил медиҳад.

    Лоиҳаи низомнома категорияҳои имтиёздорон ва андозаи ҷуброн, инчунин тартиб ва шартҳои пардохти онро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, ҷубронпулӣ ба шахсоне, ки сарфи назар аз он ки онҳо нафақа ё ёрдампулӣ мегиранд, кор мекунанд ё на ба гирифтани он ҳуқуқ доранд, дода мешавад.

    Лоиҳаро метавон тағйир дод, пурра кард ё рад кард, менависад Norma.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates