Дар Ӯзбекистон барасмиятдарории гумрукии мошинҳои муҳаррикашон калон арзон шуд

    Нақлиёт 18 Aprel 2022 4007

    Тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи такмили минбаъдаи муносибатҳои байнибуҷҷавӣ ва маъмурияти андоз» меъёрҳои пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти автомобилҳо поин рафтаанд.

    Пасткунӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти наве, ки мӯҳлаташон дар лаҳзаи убури сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз як сол зиёд нест, дахл дорад.

    Ба ғайр аз ин, дар қонунгузорӣ бори аввал барои автомобилҳои гибрид ставкаҳои гумрукӣ муқаррар шуданд. Ба онҳо мошинҳое дохил мешаванд, ки ҳам муҳаррики дарунсӯзӣ ва ҳам муҳаррики электрикӣ доранд.

    Ҳангоми ворид кардани ин гуна мошинҳо бояд ба андозаи 15-30 фоизи арзиши мошин вобаста ба навъи муҳаррик ва давраи истеҳсол боҷ супоред.

    Маблағи пардохт барои барасмиятдарории гумрукии мошинҳое, ки ҳаҷми муҳаррикашон аз 3000 см3 зиёд аст, давра ба давра кам карда мешавад.

    Аз ҷумла, аз 15 апрел то 31 декабри соли ҷорӣ ставкаҳои тарифӣ аз 30 фоиз то 15 фоиз кам карда мешаванд. Дар баробари ин, коэффисиентҳои иловагие, ки барои ҳар сантиметри мукааби иқтидори муҳаррики мошин муқаррар шудаанд, низ ду баробар – аз 3 то 1,5 доллар коҳиш хоҳанд ёфт.

    Аз 1 январи соли 2023 коэффисиентҳои иловагии барои ҳаҷми муҳаррики мошин муқарраршуда низ коҳиш меёбанд (аз 1,5 то 1,25 доллар), дар ҳоле ки меъёри боҷи асосӣ 15% бетағйир боқӣ мемонад.

    Қаблан бо қарори Президенти кишвар аз 22 феврали соли 2022 меъёри боҷи гумрукӣ барои воситаҳои нақлиёти нав, ки мӯҳлаташон дар вақти убур аз сарҳади гумрукии Ӯзбекистон аз як сол зиёд нест, ду баробар коҳиш дода шуда буд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates