Соҳиби ҷоизаи имсола биокимиёчии маъруфи турк, барандаи ҷоизаи Нобел ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Азиз Санҷар гардид.
Ба муносибати сазовор шудан ба ҷоиза Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Азиз Санҷарро самимона табрик намуда, махсусан таъкид сохт, ки супоридани чунин ҷоизаи бонуфуз ба намояндаи ҷомеаи илмӣ ба олимони ҷаҳони турк, аз ҷумла ҷавонон барои расидан ба қуллаҳои нав илҳом мебахшад.
Ҷоизаи Созмони кишварҳои туркии ба номи мутафаккири барҷаставу ходими давлатӣ Алишер Навоӣ бо ташаббуси Президенти кишвари мо соли 2021 таъсис ёфтааст. Он дар ҳар ду сол як маротиба барои саҳми хос дар густариши фарҳанги туркӣ, ҳифзи сулҳ, таъмини амният ва таҳкими эътимод, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ байни халқҳои туркӣ дар соҳаҳои гуногун дода мешавад.
Бори аввал ин ҷоиза соли 2022 ба нависанда ва арбобии ҷамъиятии қирғиз Чингиз Айтматов баъди маргаш супорида шуд.












