Кумитаи зиддиинҳисоротӣ ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар бораи ғайри қобили қабул будани баланд кардани нархи бензин ҳушдор дод

    Энергетика 7 Dekabr 2022 986

    Вақтҳои охир дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоятҳои ҷумҳурӣ нархи чаканаи бензини навъи АИ-80 аз 6800 сӯм ба 7100 сӯм баланд шуд. Тибқи натоиҷи савдои биржа 5-уми декабри соли ҷорӣ, нархи миёнаи бензини навъи АИ-80 барои 1 тонна 8 миллион сӯм буда, ин рақам дар муқоиса бо моҳи ноябри соли гузашта 4 дарсад афзоиш ёфтааст.

    Бензини аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ харидашуда ба ҳисоби миёна дар давоми 5-10 рӯз интиқол ва ба фурӯш фиристода мешавад. Яъне болоравии нархҳо дар савдои биржа метавонад дар тӯли 10 рӯз ба нархи чакана дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таъсир расонад.

    Кумитаи зиддиинҳисоротӣ бо мақсади пешгирии болоравии сунъии нархҳо, ба вуҷуд омадани камчинӣ ва аз ҳад зиёди талабот ба бензини автомобилӣ ҷиҳати ба эътидол овардани нархҳо ва зиёд намудани ҳаҷми шабонарӯзии бензини навъи АИ-80 дар савдоҳои музоядаи биржа чораҳои дахлдор андешид.

    Аз ҷумла, аз 5 декабри соли ҷорӣ дар савдои музоядаи биржа ба таври иловагӣ 1000 тонна бензини навъи АИ-80 гузошта мешавад. Ба муносибати муваққатан баста шудани Стансияи компрессории газипуркунии автомобилӣ бо мақсади бо газ ва гармӣ таъмин намудани аҳолии мо аз ҳамаи нуқтаҳои сӯзишвории ҷумҳурӣ хохиш мекунем, ки бинобар зиёд шудани талабот ба бензин даромади иловагии беасос нагиранд.

    Кумитаи зиддиинҳисорӣ хабар медиҳад, ки нархи бензин таҳти назорати доимӣ қарор дорад ва дар сурати ба таври сунъӣ боло рафтани нархҳо нисбати ин субъектҳои соҳибкорӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates