Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Al Jazeera” хабар дод.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон ба ҳадафҳои шаҳрвандӣ дар кишварҳои ҳамсоя зарба намезанад, балки ба ҳамлаҳои ИМА тавассути зарба задан ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна ҷавоб медиҳад.
Дирӯз дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Арақчӣ таъкид кард, ки вазъ дар гулӯгоҳи Ҳурмузро аз вазъи умумии минтақа ҷудо дида намешавад, зеро ихтилол дар ҳамлу нақли бор тавассути танга паёмади ҷанге мебошад, ки ИМА ва Исроил пеш мебаранд, хабар медиҳад report.az.