Артиши Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро гирифт

    Сарҳади ҳарбӣ 1 Noyabr 2021 4043

    Ӯзбекистон дар рейтинги нави Global Firepower Index - 2021 дар ҷаҳон ҷойи 51-ум ва дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ба даст овард.

    Тибқи рейтинг артиши Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор гирифт. Қазоқистон ҷои 61-ум, Афғонистон - 75-ум, Туркманистон - 86-ум, Қирғизистон - 93, Тоҷикистон - 99-умро гирифтанд.

    Кишварҳои аз лиҳози қудрати низомӣ бо Ӯзбекистон дар соли 2021 қиёспазир Белорус, Марокаш ва Португалия мебошанд, хабар медиҳад CentralAsia.

    Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ Ӯзбекистон дар ҷои чаҳорум қарор дорад ва танҳо артиши Русия (ҷойи 2-юм), Украина (сатри 25-ум) ва Беларусро (ҷои 50-ум) пеш гузоштааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates