Аз рӯи анъана ҳавопаймои навъи Boeing 737-800 бо арки обӣ ботантана истиқбол карда шуд. Экипаж ва 160 мусофирро роҳбарияти ширкати «Uzbekistan Airports», сафири Туркия дар Ӯзбекистон, намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва Вазорати нақлиёт, инчунин ширкати ҳавопаймоӣ дар зери садои карнай ва сурнай гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Қарор аст, парвозҳо дар ин самт ба таври мунтазам ҳафтае як маротиба - рӯзҳои душанбе анҷом дода шаванд.

Барои маълумот: AnadoluJet ширкати ҳавопаймоии туркӣ буда, лоиҳаи ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines бо қароргоҳаш дар Анкара ҷойгир аст. Парки ин ширкат 59 ҳавопайморо дар бар мегирад, ки парвозҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба 89 самт анҷом медиҳанд.