Пештар ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои мусофирбарро дар самти «Маскав — Тирмиз» ҳафтае як маротиба: рӯзҳои ҷумъа анҷом медод.

Аз 6 феврал фурудгоҳи байналмилалии Тирмиз аз фурудгоҳи Внуково (Маскав) ҳафтае як маротиба – рӯзҳои сешанбе парвози мунтазами иловагӣ анҷом медиҳад.

Қарор аст, парвозҳо дар ҳавопаймои Sukhoi Superjet 95 анҷом дода шаванд.

Барои маълумот: "Азимут"  ширкати ҳавопаймоии Русия аст, ки дар Ростов-на-Дону ва Краснодар ҷойгир аст.