"Автоваз" дар тӯли 12 моҳ васлкунии Lada ва Renault-ро дар Ӯзбекистон ба роҳ мемонад

    Саноат 21 Iyun 2021 1110

    Ҳамзамон ҳиссаи бозор дар Ӯзбекистон ба муносибати ҳузур доштани UzAuto хеле ночиз боқӣ мемонад.

    "Автоваз" дар Ӯзбекистон дар тӯли 12 моҳ васлкунии маҷмӯи ҷузъҳои автомобилҳои Lada ва Renault-ро оғоз мекунад, хабар медиҳад АИ ТАСС бо истинод ба президенти ширкат Николя Мор.

    «Усули оқилонаи рушди ҳузури худ дар ин бозор, ин кор кардан бо шарики маҳаллӣ мебошад, ки он васлкунии маҷмӯаи мошинҳоро амалӣ менамояд. Мо чунин шарики маҳаллӣ дорем. Ва мо ин гуна амалиётро оид ба васлкунӣ дар он ҷо (Ӯзбекистон) ба таври маҳаллӣ ба роҳ хоҳем монд - аввал моделҳои Lada, пас моделҳои Renault мебошанд - дар 12 моҳи оянда» гуфт Николас Мор.

    Ба гуфтаи ӯ, ҳиссаи бозор дар Ӯзбекистон "ба далели ҳузур ва фаъолияти UzAuto дар бозори маҳаллӣ" хеле кам боқӣ хоҳад монд.

    Президенти ширкат дар шарҳи ҳиссаи бозор дар дигар кишварҳои воридкунанда илова намуд, ки мақсади "Автоваз" ҳадди ақалл 20 фоизи бозор барои Lada ва 5 фоиз барои Renault дар Қазоқистон аст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates