Зимни мулоқот намояндагони кумитаи тадорук барномаи Бозиҳо ва тақвими баргузории онҳоро муфассал муаррифӣ намуданд, инчунин дар бораи иншооти варзишие, ки мусобиқаҳо дар онҳо доир мегарданд, маълумот доданд.
Мавзӯъҳои асосии муҳокима ҳолати инфрасохтор, шароит барои варзишгарон ва масъалаҳои логистикӣ буданд.
Барои маълумот, баргузории Бозиҳои III наврасони Осиё аз 22 то 31 октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.









