14 октябри соли равон дар доираи ҳамкории низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз машғулотҳои бузурги низомӣ – “Бирлик – 2025” ба таври тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
Дар маросими кушодашавӣ таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории тамринот, ки барои чанд рӯз ба нақша гирифта шудааст, таҳкими эътимод байни кишварҳо, пурзӯр намудани ҳамкориҳои низомӣ, густариши минбаъдаи муносибатҳои наздики шарикӣ дар муқовимати муассир ба чолишҳои муосир дар шароити афзоиши ташаннуҷи геополитикӣ ва вазъи бӯҳронӣ дар ҷаҳон, ба вуҷуд омадани хатару таҳдидҳои нав мебошад.
Бахусус, дар машғулотҳои муштараки минтақавии «Бирлик – 2025» иштирокдорон бо истифода аз таҷрибаи муосири ҷангӣ, ҷиҳати истифодаи услуб ва услуҳои самарабахштарин дар раванди ҷанг, артиллерия барои нобуд кардани нишонҳо дар масофаи дур, дастгоҳҳои бесарнишин, техникаи зиреҳпӯш ва дигар аслиҳаҳо машқҳои амалиро иҷро мекунанд.
Инчунин, дар доираи машқҳо иштирокчиён бо истифода аз услубу усулҳои пешқадами санъати ҷангӣ ба тамринҳои ҷангӣ машғул шуда, дар мусобиқаҳои гуногун иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин, барномаи сайёҳат ба шаҳри таърихии Самарқанд ва шиносоӣ бо фарҳанг ва таърихи ғании мардум пешбинӣ шудааст.
Баргузории нахустин нишасти вазирони дифои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Самарқанд низ аз ҷумлаи инҳост.
Департаменти иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон











